Системаи иттилоотии раводид (VIS)

Системаи иттилоотии VIS ин системае мебошад, ки барои табодули маълумоти раводид байни давлатҳои Шенген хизмат мерасонад. Ҳадафи асосии Системаи Иттилооти VIS аз он иборат аст, ки усули дархостҳоро оид ба гирифтани раводид оддитар, назорати сарҳадоти берунаро осонтар ва бехатариро барои ҳар як дархосткунанда эмин мегардонад.

Сисистеми иттилоотии раводиди (VIS) аз 11 октябри 2011 инҷониб дар кишварҳои аъзоёни созишномаи Шенген фаъолият менамояд. Қадам ба қадам ҳамаи дафтарони кории давлатҳои аъзои созишномаи Шенген ба сисистеми иттилоотии раводиди (VIS) дохил мегарданд.

Дар Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Эрон, Туркманистон, Озарбойҷон, Арманистон алоқаи намояндагии Олмон бо маълумотҳои махфӣ VIS аз санаи 14.11.2013 амалӣ мегардад. Аз ин рӯз эътиборан бояд ҳамаи дархосткунандагони раводиди Шенген нақши ангуштони худро супоранд!

Тавассути системаи иттилоотии VIS аз ин рӯз эътиборан баъзе тағйироту иловаҳо дароварда мешавад.:

  • Дархосткунандагон ҳангоми супоридани ҳуҷҷатҳои дархостӣ барои гирифтани раводид бояд шахсан зоҳир шаванд, то ки маълумотҳои биометриашонро таҳия карда тавонанд.: Аз дархосткунандагон нақши даҳ ангуштон ва як акс гирифта мешавад.
  • Дар дархостҳои оянда нақши ангуштони дар системаи VIS ҳифзгардида метавонад муддати 5 сол истифода бурда шавад, ки дар натиҷа ба сӯҳбати шахсӣ дигар ниёз надорад.
  • Ҳангоми сафар ба давлатҳои Шенген ниҳодҳои дахлдори сарҳадотӣ имконият доранд, ки шахсияти мусофирро тавассути системаи информатсионии VIS назорат намояд.

Тариқи истисно аз шахсони дар поён зикргардида супурдани нақши ангуштон талаб карда намешавад:

  • Кӯдакони синну солашаон то 12
  • Шахсоне, ки аз онҳо гирифтани осори ангуштонашон ҷисман имконнопазир аст;
  • Сарони кишвар ва ҳукумат ва аъзоёни ҳокимияти миллӣ, ки бо ҳамсарашон сафар мекунанд ва инчунин узви вакилони расмӣ, ки аз ҷониби ҳукумати давлатҳои шомили Шенген ва ё аз ҷониби ташкилотҳои хориҷӣ ба чорабиниҳои расмӣ даъват карда мешаванд.

Вохурии шахсӣ ҳатман лозим аст. Танҳо шахсоне, ки нақш ва осори агуштонашон аз ҷониби Сафорати Олмон ва ё аз ҷониби дигар давлатҳои шарикии Шенген тасдиқ гардидаанд, шахсан зоҳир шуданашон ҳатмӣ нест. Ба онҳо танҳо рӯзи таъини вохурӣ барои пешниҳоди мадракҳо баҳри гирифтани раводид лозим аст.