Ҳуҷҷатҳо ва аризаи пуркардашуда аз ҷониби бахши VisaMetric ба шӯъбаи раводиди консулӣ пешниҳод карда мешаванд. Тахминан баъди 15 рӯзи тақвимӣ оиди он дархостҳо/ариза қарор бароварда мешавад.

Лутфан таваҷҷӯҳ намоед, ки барои довталабоне, ки шаҳрванди Тоҷикистон нестанд, тартиби раванди раводид метавонад зиёда аз 15 рӯзи тақвимӣ тӯл кашад.

Дар баъзе ҳолатҳо, ин мӯҳлат метавонад то 45 рӯз дароз карда шавад.

Қарор барои тасдиқ ва ё рад кардани дархост танҳо аз ҷониби намояндагии хориҷӣ қабул карда мешавад. Дар асоси ба вуқӯъ омадани ҷашнвораҳои расмии тоҷикӣ ва олмонӣ раванди коркарди дархостҳо ба таъхир гузошта мешавад.

Аз ин лиҳоз, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки дархости худро сари вақт пешниҳод намоед.

Тавсия: Дархостҳое, ки мӯҳлати коркардашон аз 15 рӯзи тақвимӣ барзиёд давом мекунанд, бояд мактуби расмӣ бо таври хаттӣ ба намояндагии хориҷӣ муроҷиат карда шавад. Мо диққати Шуморо ба он равона месозем, ки намояндагии хориҷӣ метавонад ҳуҷҷатҳои мавҷуднабуда/иловагӣ-ро тариқи почати элетронӣ (E-Mails) дархост намояд. Аз ин рӯ аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки почтаи электронии худро зери назорат қарор диҳед.

Пайгирии Дархост