Дархостҳо барои кишварҳои созишномаи Шенген: Белгия, Юнон (Гресия), Финляндия, Фаронса, Италия, Люксембург, Нидерландия, Норвегия, Австрия, Португалия, малта, Шветсия ва Испания инчунин тавассути филиалҳои VisaMetric қабул карда мешаванд. Баъдан дархостҳо ба ин кишварҳо ба сафорати Олмон дар Душанбе фиристода мешаванд.

Мизоҷони мӯҳтарам.

Аз Шумо хоҳиш менамоем, ки барои гирифтани раводид пешакӣ муроҷиат намоед

Тибқи Кодекси раводиди кишварҳои Шенген дархостҳо метавонанд то 6 (шаш) моҳ пеш аз санаи пешбинишудаи сафар пешниҳод карда шаванд. Дар ҳоле, дархостҳое, ки камтар аз 15 рӯзи тақвимӣ, пеш аз санаи пешбинишудаи сафар пешниҳод карда мешавад, қабул карда намешаванд. Мӯҳлати баррасии стандартӣ дар давоми 15 рӯзи тақвими мебошад. Дар баъзе ҳолатҳо, ин мӯҳлат метавонад то 45 рӯз дароз карда шавад.

Лутфан, то ба охир расидани мўҳлати зикршуда аз пурсиши омодагии қарор аз рӯи аризаи худ худдорӣ намоед

ДИҚҚАТ: Аризаҳои раводид бо кишвари асосии таъинотӣ ба Олмон, Фаронса, Португалия, Белгия, Швеция, Финландия, Испаниё, Италиё, Австрия,малта,Люксембург, Норвегия ва ё Нидерландия акнун метавонанд аз ҷониби VisaMetric бидуни пешниҳоди ёддошти (Verbal Note) аз Сафорати дахлдор дубора қабул ва коркард карда шаванд.

1. Пеш аз дархост:

  • Ҳуҷҷатҳои лозимаро омода созед.
  • Тариқи онлайн рӯзи қабулро муайян намоед.

2. Ҳангоми пешниҳоди дархост:

  • Дар бахшҳои VisaMetric назорати ҳуҷҷатҳо ва бозгирифтани нақши ангуштон амалӣ мегарданд. Аз онҷо ин мадраҳо ба ҳар як намояндагии хориҷи дахлдор фиристода мешаванд.
  • Фаромӯш накунед, ки Шумо метавонед аз хизматрасониҳои иловагии мо истифода баред.

3. Баъди супоридани дархост:

  • Шумо метавонед дархости худро тавассути саҳифаи интернетӣ пайгирӣ кунед.
  • Баъд аз оне ки коркарди ҳуҷҷатҳо ба анҷом мерасад, Шумо метавонед шиносномаи хориҷии худро дар бахши VisaMetric бозпас гиред ва ё тавассути почта ба суроғаи нишон додашуда фиристода мешавад.

Раводиди Шенген ба шумо иҷоза медиҳад, ки тули 90 рӯз дар ҳудуди кишварҳои шомили Шенген сафар кунед. Тибқи муқаррарот дар бораи истифодабарии раводид бояд Шумо раводидро дар кишваре, ки ба он сафар мекунед ва ё дар кишваре, ки қисми зиёди вақти сафари худро мегузаронед, дархост намоед . Агар рафту ҳадафи асосии сафаратон Олмон набошад ва дигар давлатҳои шомили шартномаи Шенген бошад, дар он сурат бояд ба намояндагии масъули давлатҳои Шенген барои дархост муроҷиат намоед.