Қоидаҳои пешниҳод ва пасгирии ҳуҷҷатҳо
Пешниҳоди ҳуҷҷатҳо
• Дархосткунандаи аз сини 18-сола боло метавонад шахсан барои гирифтани раводид муроҷиат намояд.
Агар, қаблан изи ангушт супорида бошед:
• бо ваколатномаи нотариалӣ (бидуни ҳуқуқи ивази ваколат):
Шахсӣ ваколатдор бояд нусха ва аслии ваколатномаи нотариалӣ тасдиқшударо пешниҳод намояд, ки ба ваколатдор, аз ҷониби муроҷиаткунанда барои пешниҳоди ҳуҷҷатҳо дар Маркази раводиди Олмон ваколатдор шудааст.
• Барои кӯдакони то 18-сола яке аз волидайн ё парастори/ васии онҳо метавонанд бо пешниҳоди шаҳодатномаи таваллуд (аслаш+нусха) муроҷиат намоянд. Дар ин ҳолат, ӯ инчунин бояд аз волидайни дуюм ваколатномаи нотариалӣ (бидуни ҳуқуқи ивази ваколат) пешниҳод намояд, то ба Маркази раводиди Олмон барои пешниҳоди ҳуҷҷатҳоро тасдиқ намояд.
Муҳим:
Ҳангоми муроҷиати муштарак (якҷоя) аз ҷониби дархосткунандагоне, ки аъзои як оила ё гурӯҳе мебошанд, ки якҷоя ва дар ҳамон санаҳо сафар мекунанд:
Барои ҳар як аъзои гурӯҳ/оила, ки ба шартнома дохил карда мешаванд, бояд ваколатнома дар шакли (формуляр) Визаметрик барои супоридан ва қабули ҳуҷҷатҳо ишора ба номи шахсӣ асосии гурӯҳ/оила (фармоишгари шартнома) пешниҳод намояд.
Лутфан, таваҷҷӯҳ намоед, ки фармоишгаре, ки ба ӯ шартнома баста мешавад, бояд аъзои як гурӯҳ/оила бошад ва ҳамроҳи онҳо сафар намояд..
Дар акси ҳол, ҳангоми пешниҳоди ҳуҷҷатҳо аз ҷониби шахси сеюм ё дархосткунандае, ки якҷоя сафар намекунанд, ваколатномаи нотариалӣ талаб карда мешавад.
Ҳангоми пешниҳоди ариза бо ин намуд, шахси ваколатдор / фармоишгар тибқи шартнома ҳангоми пешниҳоди ариза бояд:
- Варақаи аслии ваколатномаи VisaMetric, ки аз ҷониби дархосткунанда, пур кардашуда ва бо имзо, пешниҳод намояд,
- нусхаи шиносномаи дохилии ваколатдиҳанда ва шахсӣ ваколатдор (саҳифаи аввал бо акс),
- Шиносномаи аслии дохилии шахсӣ ваколатдор.
• Дар ҳолате, барои дархосткунандагони ноболиғ, супоридани ҳуҷҷатҳо аз ҷониби шахсӣ сеюм , бе волидайн ё васии/ парастори қонуни амали карда мешвад, аз ҳарду волидайн ваколатномаи нотариалӣ пешниҳод кардан лозима аст. Ваколатнома бояд тибқи ҳуҷҷатҳои дохилии (шиносномаи дохилӣ) тасдиқкунандаи шахсияти - шахсӣ ваколатдор ва ваколатдиҳанда ба расмият дароварда шавад.
Илова бар ин, бояд нусхаи ҳуҷҷати дохилии шахсияти падару-модар ё васии/ парастори қонунии (саҳифаи аввал бо акс), ки ваколатномаро имзо кардааст, нусхаи ҳуҷҷати дохилӣ, шахси ваколатдор (саҳифаи аввал бо акс), аслӣ ва нусхаи шаходатномаи таваллуди ноболиғ пешниҳод карда шавад.
Барои ба расмият даровардани шартнома ҳангоми пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ба шахсе, ки шартнома баста мешавад, бояд ҳуҷҷати аслии дохилӣ ё иҷозатномаи истиқомат/бақайдгирӣ (барои шаҳрвандони хориҷӣ) дошта бошад.
Пасгирии ҳуҷҷатҳо
• Шахсе, ки барояш шартнома баста шудааст, метавонад шахсан шиноснома ва ҳуҷҷатҳои ҳамроҳикунандаро пасгирад (майдони «фармоишгар» дар шартномаи дархосткунанда). Ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои пасгирӣ: шартномаи дархосткунанда, ҳуҷҷати дохилии (шиносномаи дохилӣ) шахси қабулкунанда (ё ҳуҷҷате, ки ба он шартнома тартиб дода шудааст, масалан: иҷозатномаи иқомат барои шаҳрвандони хориҷӣ).
• Шахси сеюм (гайр аз дархосткунанда) танҳо бо ваколатномаи нотариалӣ пасгирии ҳуҷҷатҳо имконпазир аст. Ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои пасгирӣ: шартномаи дархосткунанда, ҳуҷҷати дохилии (шиносномаи дохилӣ) шахси қабулкунанда (аслӣ + нусхаи саҳифа бо акс), ваколатномаи нотариалӣ барои пасгирии ҳуҷҷатҳо дар Маркази раводид (аслӣ + нусха).
Дар сурати баргардонидани маблағ барои пардохти раводид бо фармоиши Сафорати Олмон ё Консулгарии генералии Олмон, дар ваколатномаи нотариалӣ инчунин бояд қайд карда шавад, ки шахси ваколатдор аз номи Дархосткунанда барои гирифтани маблағ тибқи шартнома ваколатдор мебошад.
Дар сурати мавҷуд набудани ин изҳороти васиятнома дар ваколатномаи нотариалӣ маблағ ба шахси ваколатдор дода намешавад.
• Дар сурати бастани шартнома барои гурӯҳ/оила танҳо шахсе, ки дар шартнома ба сифати фармоишгар зикр шудааст, метавонад тамоми шиносномаҳо ва ҳуҷҷатҳои ҳамроҳкунандаро пасгирад. Ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои пасгирӣ: шартномаи дархосткунанда, ҳуҷҷати дохилии (шиносномаи дохилӣ) шахси қабулкунанда (ё ҳуҷҷате, ки ба он шартнома тартиб дода шудааст, масалан: иҷозатномаи иқомат барои шаҳрвандони хориҷӣ).
Дар ҳолате, пасгирӣ ҳуҷҷатҳои тамоми гурўҳ/оила аз ҷониби шахси дигар сурат гирад, пас аз фармоишгар ба шахси сеюм ваколатномаи нотариалӣ бо изҳоротӣ на танҳо иҷозати пасгирии шиносномаи дархосткунандаро, балки ба ҳамаи муроҷиаткунандагон аз рўи шартнома талаб карда мешавад.
• Барои довталабони ноболиғ, ҳуҷҷатҳоро танҳо волидайн ё васии/парастори қонунии дар шартномаи дархосткунанда, ҳамчун фармоишгар номбаршуда ҷамъоварӣ карда метавонад. Ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои пасгирӣ: шартномаи дархосткунанда, ҳуҷҷати дохилии (шиносномаи дохилӣ) шахси қабулкунанда (ё ҳуҷҷате, ки ба он шартнома тартиб дода шудааст, масалан: иҷозатномаи иқомат барои шаҳрвандони хориҷӣ). Дар акси ҳол, қоидаҳои пасгирии ҳуҷҷатҳо барои кӯдаки ноболиғ бо қоидаҳои аз ҷониби шахсони сеюм гирифтани ҳуҷҷатҳо якхела мебошанд.
Лутфан, таваҷҷӯҳ намоед, ки ҳангоми гирифтани шиноснома ва ҳуҷҷатҳои ҳамроҳкунанда дар Маркази раводид, Шумо бояд забонхат пур намоед (аз ҷониби кормандони Маркази раводид пешниҳод карда мешавад).
