Мизоҷони мӯҳтарам.
Аз Шумо хоҳиш менамоем, ки барои гирифтани раводид пешакӣ муроҷиат намоед
Тибқи Кодекси раводиди кишварҳои Шенген дархостҳо метавонанд то 6 (шаш) моҳ пеш аз санаи пешбинишудаи сафар пешниҳод карда шаванд. Дар ҳоле, дархостҳое, ки камтар аз 15 рӯзи корӣ, пеш аз санаи пешбинишудаи сафар пешниҳод карда мешавад, қабул карда намешаванд. Мӯҳлати баррасии стандартӣ дар давоми 15 рӯзи корӣ мебошад. Дар баъзе ҳолатҳо, ин мӯҳлат метавонад то 45 рӯз дароз карда шавад.
Лутфан, то ба охир расидани мўҳлати зикршуда аз пурсиши омодагии қарор аз рӯи аризаи худ худдорӣ намоед
ДИҚҚАТ: Аризаҳои раводид бо кишвари асосии таъинотӣ ба Олмон, Фаронса, Португалия, Белгия, Швеция, Финландия, Испаниё, Италиё, Австрия, Люксембург, Норвегия ва ё Нидерландия акнун метавонанд аз ҷониби VisaMetric бидуни пешниҳоди ёддошти (Verbal Note) аз Сафорати дахлдор дубора қабул ва коркард карда шаванд.
Таъини рӯзи қабул
Пеш аз таъин намудани рузи қабул барои гирифтани раводиди Шенген, лутфан ба нишондодҳои зерин диққат диҳед:
- Шумо метавонед дархости худро барои раводиди Шенген 180 рӯз пеш аз сафари худ супоред.
- То рӯзи қабул ҳуҷҷатҳои лозимаи худро омода созед.
- Рӯзи қабули худро тариқи онлайн ройгон муқаррар кунед ва дархости худро ба бахши VisaMetric супоред.
- Ҳангоме, ки Шумо тариқи онлайн рӯзи қабулро таъин намудед, имкони бори дигар сабти номро надоред.
- Донишҷӯёне, ки дар хориҷи кишвар таҳсил мекунанд ва барои кишвари Олмон дархости худро барои виза гирифтан пешниҳод кардан мехоҳанд, бояд дар он мамлакате, ки дар он ҷо таҳсил мекунанд дархости худро супоранд.
Таъин намудани рӯзи қабул барои пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ройгон аст.
Маркази раводиди Олмон VisaMetric танҳо барои қабули аризаҳо оиди раводиди Шенген ваколатдор мебошад. Пешниҳоди ҳуҷҷатҳо бо таъини қаблии рӯзи қабул ва бидуни он имконпазир аст.
Аризаҳо оиди раводиди миллӣ танҳо ба бахши раводиди Сафорати Олмон дар шаҳри Душанбе пешниҳод карда мешаванд. Барои пешниҳод намудани аризаҳо барои раводиди миллӣ, қаблан таъин намудани рӯзи қабул дар сомонаи расмии Сафорат ҳатмист.
Дигар усулҳои таъини рӯзҳои қабул
Ба рӯзи қабули муқараргардида Шумо метавонед, тағйироти зеринро ворид намоед:
- Назорат ва ё дидани рӯзи қабули таъиншуда.
- Қатъ кардани рӯзи қабули таъиншуда.
- Илова ва рад кардани хизматрасониҳои изофагӣ.
- Иваз кардани таърихи рӯз/ ва вақту соати қабул.
- Ивазкунии аз қабули оддӣ ба VIP
Усулҳои муқаррар намудани рӯзи қабул
