1. Тоҷикистон / Саволҳо / Маълумоти Умумӣ

Ариза дар бораи ӯҳдадорӣ чист?                                           

Ариза/исҳороти ӯҳдадорӣ ба манфиати шаҳрванди кишвари сеюм барои кафолати хароҷоти зисти ӯ дода мешавад ва дар мурофиаи маъмурӣ ҳамчун далели иҷро шудани шартҳои иқтисодӣ барои гирифтани иҷозатномаи иқомат хидмат мекунад. § 5 банди 1 Қонун дар бораи истиқомат.

Даъваткунанда, бо навиштани изҳороти ӯҳдадорӣ, тамоми хароҷоти марбут ба зиндагӣ ва хароҷоти сафари дархосткунандаро ба ӯҳда мегирад.  Бенефитсиари изҳороти хаттии ӯҳдадорӣ, метавонад шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ бошад.

 


 

Оё ман метавонам барои гирифтани раводид бо мӯҳлати тӯлонӣ (солҳо) бо изҳороти ӯҳдадорӣ муроҷиат кунам?

Бале. Мизбони Шумо бояд дар бораи давомнокии пешбинишудаи будубоши Шумо (аз як то чор сол) ба Мақомот/идораи кор бо хориҷиён гузориш нависад ва дар изҳороти худ дар ин бора маъумоти мушаххас пешниҳод кунад.

Дар ин ҳолат, тамоми давраи будубошти Шумо дар Олмон,  кафолати молиявӣ  мегирад.

Агар мақомоти хориҷи ҳисоботи ўҳдадориро танҳо барои як муддати кўтоҳ қабул кунад, пас Шумо (аризадиҳанда) бояд далели иловагии қобилияти молиявӣ пешниҳод намоед, масалан,исҳороти бонки аз се то шаш моҳи охир, метавонад даромади моҳонаи Шуморо тасдиқ намояд, ки имконияти таъмини молиявии худ барои муддати дароз дар хориҷа мебошад.  

 


 

Тасдиқномаи муносибатҳои оилавӣ чист?

Сафорат пеш аз судури раводид  ҳар якэътимоднокии аризаро тафтиш менамояд. Дар ҳолати зарурӣ, Сафорат метавонад муносибати байни даъваткунанда ва муроҷиаткунандаро тафтиш кунад.

Шаҳодатномаи таваллуд ва/ё ақди никоҳ метавонад ҳамчун далели хешовандӣ пешниҳод карда шавад, масалан муносибати байни ду бародар метавонад бо пешниҳоди шаҳодатномаи таваллуди ҳардуи онҳо исбот карда шавад, зеро ин нишон медиҳад, ки ин ду нафар ҳадди аққал як волидайни умумӣ доранд.

 


 

Номаи даъвати ғайрирасмӣ чист ва он чӣ гуна аст?

Ҳангоми пешниҳоди дархост барои гирифтани раводид барои дидани оила ё дӯстонатон, Шумо бояд мактуби даъвати ғайрирасмии аз ҷониби шахсе, ки Шуморо даъват мекунад, пешниҳод намоед.

Номаи даъвати ғайрирасмӣ бояд ба забони олмонӣ навишта шавад ва бояд маълумотҳои дар бораи мақсад ва давомнокии сафари Шумо дар бар гирад. Онро дастӣ ё бо истифода аз компютер навиштан мумкин аст ва бояд аз ҷониби даъваткунанда (аъзои оила ё дӯст) имзо карда шавад. Тасдиқи нотариалӣ шарт нест.

 


 

Барои тасдиқи дархости раводид чӣ қадар вақт лозим аст?

Ҳуҷҷатҳо ва аризаи пуркардашуда, тавассути VisaMetric ба шӯъбаи раводиди консулгарӣ фиристода мешаванд. Қарор тақрибан аз 15 рӯзи тақвимӣ  қабул карда мешавад.

Лутфан таваҷҷӯҳ намоед, дархосткунандагоне, ки шаҳрванди Тоҷикистон нестанд, тартиби раводид метавонад аз 15 рӯзи тақвимӣ тӯл кашад.

Қарор дар бораи тасдиқ ё рад кардани аризаи раводид танҳо аз ҷониби намояндагии дипломатӣ қабул карда мешавад.

Аз ин рӯ, аз Шумо хоҳиш менамоем, ки барвақт муроҷиат намоед.

Эзоҳ: дархостҳое, ки мӯҳлати баррасии онҳо аз 15 рӯзи тақвимӣ гузаштааст, бояд ба намояндагии дахлдори хориҷӣ дархости хаттӣ пешниҳод намоянд. Диққати Шуморо ба он ҷалб менамоем, ки намояндагиҳои хориҷӣ ҳуҷҷатҳои гумшуда / иловаги-ро тавассути почтаи электронӣ дархост менамоянд. Аз ин рӯ, аз Шумо хоҳиш менамоем, ки почтаи электронии худро пешакӣ тафтиш намоед.


 

Арзиши раводид чанд пул аст?

Боҷи раводиди Шенген 80 евро аст. Кӯдакони то 6-сола аз пардохти боҷ озод карда мешаванд. Барои кӯдакони аз 6 то 12 сола боҷи раводид 40 евро.

 


 

Пеш аз судури раводид Сафоратхона чиро тафтиш менамояд?

Сафорат вазифадор аст, ки меъёрҳои зеринро тафтиш намояд:

мақсади сафар (масалан, сафари меҳмонӣ, сафари корӣ)

омодагӣ ба бозгашт, маблағгузории сафар (аз ҷониби даъваткунанда ё сайёҳон),

таъмин намудани сугуртаи тиббй

маълумоти дигар (қайди AZR, SIS, масалан, барои ҷиноятҳо ё дигар ҳуқуқвайронкуниҳо/кирдорҳо).

 


 

Раводиди солона ё бисёрсола чист?

Дар ин маврид сухан дар бораи раводиди Шенген меравад, ки муҳлати амали он як сол, бисёрсола ё то панҷ сол масималӣ дода мешавад ба ҳуқуқи будубоши 90 рӯз дар давоми 6 моҳ ва вуруди чандкарата ба кишвар-ро медиҳад. Асос барои ин Низомнома (EG) № 810/2009 Парлумони Аврупо ва Шӯъро аз 13 июли соли 2009 оиди Кодекси раводиди Иттиҳод (ихтисоршуда: "Кодси Виза") мебошад.

Моддаи 24, банди 2 Кодекси раводид гуфта мешавад, ки раводидҳои бисёрсола ба мӯҳлати дарозтар дода мешаванд, агар аризадиҳанда исбот кунад ё маълумот диҳад, ки ӯ маҷбур аст ё ният дорад, ки зуд-зуд ё мунтазам сафар менамояд, аз ҷумла бо сабабҳои касбӣ ё оилавӣ. .

Одатан, раводиди солона ё бисёрсола танҳо дар сурате дода мешавад, ки агар дархосткунанда инчунин бидуни қонуншиканӣ ва эътимоднокии худро, бахусус дар мавриди истифодаи қонунии раводидҳои қаблӣ нишон дода бошад (моддаи 24, банди 2 Кодекси раводид).

Дар мӯҳрҳои раводид пас аз "Мӯҳлати будубош" дар ҳар сурат рақами "90" нишон дода мешавад. Ин шумора имконияти будубоши рӯзҳо, давомнокии иҷозаи будубоши дар давоми 6 моҳ аст, на тамоми мӯҳлати раводид."

 


 

Аз ман / меҳмони ман ҳуҷҷатҳоеро талаб карданд, ки дар рӯйхат ҳуҷҷатҳо нестанд, барои чи?

Сафорат ҳамеша аз рӯи тартиби ҳуҷҷатҳои мушаххас қарор қабул мекунад. Аммо рӯйхат метавонад танҳо маълумоти умумиро дар бар гирад, на ҳама ҳолатҳоро дар бар мегирад. Аз ин рӯ, шояд дар ҳолати Шумо ҳуҷҷате дархост карда шавад, ки дар рӯйхат нест. Талаб кардани ҳуҷҷатҳои иловагӣ маънои онро надорад, ки ба Шумо раводид дода намешавад."

 


 

Кай ман бояд барои раводид ба идораи VisaMetric дар Тоҷикистон муроҷиат намоям?

Дар ҳолате, Шумо ба таври доимӣ ва қонунӣ дар Тоҷикистон бошед ва макони аслии сафаратон Олмон бошад, метавонед ба идораи VisaMetric дар Тоҷикистон муроҷиат намоед.

 


 

Ман мехостам ҳангоми сафар аз кишварҳои гуногуни Шенген дидан кунам. Оё ман метавонам ба сафорати Олмон муроҷиат намоям?

Дар ҳолате, будубоши Шумо дар Олмон нисбат ба дигар кишварҳои Шенген дарозтар бошад, метавонед ба Сафорати Олмон муроҷиат намоед. Агар Шумо хоҳед/нақша дошта бошед, ки дар ҳама кишварҳо ба муддати якхела бимонед, пас лутфан ба сафорати кишваре, ки аввал ворид мешавед, барои раводид муроҷиат намоед.

 


 

Ҳуҷҷатҳои иловагӣ барои ноболиғон?

Ноболиғон инчунин бояд тамоми ҳуҷҷатҳои дар дастур/талабот зикршударо пешниҳод намоянд. Илова бар ин, ҳамеша нусхаи шаҳодатномаи таваллуд пешниҳод номоянд. Лутфан таваҷҷӯҳ намоед, ки волидайне, ки шахсан ҳангоми пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ҳузур надорад, бояд розигии нотариалӣ барои сафар ба тамоми кишварҳои Шенген  пешниҳод намояд. Ризоият бояд дар нусхаи аслӣ бо тарҷума ба забони олмонӣ ё англисӣ бошад. Агар сафари аввал ба давлати дигари Шенген ба нақша гирифта шуда бошад, тавсия дода мешавад, ки ба таври иловагӣ ба забони ин кишвар ё агар ин имконнопазир бошад, ба англисӣ тарҷума карда шавад.

 


 

Оё ман метавонам бештар маблағ пардохт намоям, то дархости ман зудтар коркард шавад?

Не, чунин имконият вуҷуд надорад. Visametric наметавонад ва ҳуқуқ надорад маблағи зиёдатӣ аз он чизе, ки қонун муқаррар кардааст қабул намояд.

Хароҷоти иловагӣ метавонад танҳо ҳамчун пардохти хизматрасонии иловагӣ (масалан, барои зангҳои телефон ё факс ба Олмон) бошад.

 


 

Ман то ҳол раводиди амалии Шенген дорам. Аммо дар шиносномаи ман дигар саҳифаҳои холӣ нест ва аз ин рӯ, ман бояд барои гирифтани шиносномаи нав муроҷиат намоям. Бо раводиди ман чӣ мешавад?

Раводид дар шиносномаи кӯҳнаи Шумо то ҳол ба эътибор ҳисоб мешавад, ҳатто агар шиноснома дигар эътибор надорад. Ҳамин тариқ, Шумо метавонед бо ду шиноснома бидуни мушкилот сафар намоед. Дар акси ҳол, Шумо метавонед бо шиносномаи кӯҳна ва наватон ба шӯъбаи иттилооти Хадамоти раводид муроҷиат намоед - мо раводидро ба шиносномаи нави Шумо ройгон интиқол медиҳем”.

 


 

Дидани шиносномаҳо:

ки вайроннашуда, эътиборнок ва (барои сохибони шиноснома) дастй имзо карда шудаанд.

Илова бар ин, тибқи Кодекси раводид, раводиди Шенген танҳо дар он шиносномаҳо дода мешавад, ки

- на камтар аз 3 моҳ пас аз анҷоми сафари пешбинишуда эътибор дорад;

- дар давоми 10 соли охир дода шуда бошад,

- ҳадди ақал ду саҳифаи пурра холӣ дошта бошад (барои коркарди раводид)* *Агар раводид барои кӯдакони ноболиғи дар шиноснома сабтшуда дархост карда шавад, пас дар шиноснома бояд як саҳифаи пурраи холӣ иловагӣ (барои гирифтани раводид) барои як кӯдак мавҷуд бошад.

 


 

Ман бояд варақа/формуляр-ро бо кадом забон пур кунам?

Варақа метавонад бо забони олмонӣ ё англисӣ пур карда шавад.

 


 

Оё ман метавонам варақа/формуляр-ро  дастӣ пур кунам?

Дар ҳолате бо сабабҳои техникӣ Шумо варақа/формуляри онлайнро пур карда натавонед, метавонед  дастӣ пур намоед. Аммо лутфан қайд кунед, ки дар ин ҳолат ҳангоми муроҷиат ба Шумо вақти бештари интизорӣ лозим мешавад.

 


 

Ман, чӣ гуна метавонам барои раводид муроҷиат намоям?

Аризаҳои раводид аз ҷониби провайдери хидматрасонии беруна VisaMetric қабул карда мешаванд. Шумо метавонед аризаи худро рӯзи душанбе то ҷумъа аз соати 9:00 то 16:00 пешниҳод намоед. Шумо метавонед бо таъинот ё бидуни таъинот муроҷиат намоед.

Агар Шумо хоҳед, ки пешакии сана ва вақти вохӯриро таъин намоед, лутфан  тавассути  истиноди зерин https://tj-appointment.visametric.com/tj фармоиш диҳед: